Май 28, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Таҳсил дар оташ: Афзоиши ҳамалот ба макотиби Афғонистон

Сандуқи кӯдакони Созмони Милал рӯзи сешанбе эълом кард, ки ҳамалот ба макотиби Афғонистон дар соли гузаштаи милодӣ тақрибан се баробар шуда ва таҳсили кӯдакон дар манотиқи мухталифи ин кишварро бисёр душвор кардааст.

Ба гузориши ИРНА, Сандуқи кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ), ки дар заминаи омӯзишу парвариш ва ҳуқуқи кӯдакон фаъолият мекунад, эълом кард, ки шумори ҳамалот ба макотиби Афғонистон аз 68 ҳамла дар соли 2017 ба 192 ҳамла дар соли 2018 афзоиш ёфтааст. Ҳенриета Форе, мудири иҷроияи ЮНИСЕФ дар ин бора мегӯяд: «Омӯзиш дар Афғонистон зери оташи ҳамалоти гурӯҳҳои террористӣ анҷом мешавад. Куштор, одамрабоӣ, осеб ба муаллимон ва таҳдиди омӯзишу парвариш умеду орзуҳои як насл аз кӯдаконро аз байн мебурд”.

Ба навиштаи шабакаи хабарии “Евронюз”, аз муддатҳо пеш беш аз ҳазор мадраса дар саросари Афғонистон ба далели масоили амниятӣ ва таҳдидҳои гурӯҳҳои Толибон ва ДИИШ, ки ба дунболи нуфузи ҳарчи бештар аз тариқи эҷоди тарсу ваҳшат ҳастанд, таътил аст. Бо вуҷуди ин ки Толибон мавзеи худро нисбат ба мадорис тағйир додаанд ва ба зоҳир мушкиле бо таҳсили духтарон дар мадориси духтарона надоранд, аммо мадориси зиёдеро ба далели муғойират бо назари худ дар идораи мадорис таътил кардаанд. ЮНИСЕФ мегӯяд, истифода аз сохтмони мадорис ба унвони марокизи раъйгирӣ дар интихоботи парлумонии соли гузашта яке аз далоили афзоиши ин ҳамалот будааст.

Наздик ба 3.7 миллион нафар, муодили ниме аз кӯдакони синни таҳсили Афғонистон ба сурати расмӣ омӯзиш намебинанд.