Июн 01, 2019 13:09 Asia/Dushanbe
  • Беэътиноии Чин ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Чин беэътино ба таҳримҳои нафтии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико зиддди Теҳрон, воридоти нафти худ аз Ҷумҳурии исломии Эрон ро аз сар гирифт.

Ба нақл аз Тасним, Супер нафткаши чинии  PACIFIC BRAVO  Пасифик Браво барои ҳамли аввалин маҳмулаи нафти содиротии Эрон ба Чин пас аз лағви маъофиятҳои Амрико барои хариди нафти Эрон,озими Чин шуд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи нақзи таҳримҳо тавассути Пасифик Браво то кунун вокунише нишон надода вале эълом кардааст бо ҳар киштие,ки таҳримҳоро нақз кунад, бархурд мекунад.

Пасифик Браво ахиран тавассути Бонки Канлун,ки таҳти моликияти ширкати миллиӣ нафти Чин барои тасҳили тиҷорат байни Эрон ва Чин кор мекунад харидорӣ шудааст.

Бар асоси ин гузориши Пасифик Браво аввалин киштие нест,ки нафти Эрон ро ба Чин мебарад зеро 16 майи имсол низ як кишти бо  номи Маршал ҳудуди 130 ҳазор тон нафти Эрон ро дар шаҳри Жусан тахлия ва таҳримҳоро нақз карда буд.

Давлати Амрико 22 апрели соли 2019 эълом кард,дигар маъофиятҳои таҳримии муштариёни нафтии Эрон ро аз дуввуми моҳи майи ҷорӣ тамдид нахоҳад кард.

Ин иқдомҳои Амрико бо вокуниши тунди минтақаӣ ва байналмиллалӣ мувоҷаҳ шудааст.

Барчасп