Туркия: шаҳраксозиҳои Исроил муғоир бо қавонини байналмиллалӣ аст
Вазорати умури хориҷаи Туркия шанбешаб дар баёнияе тадовуми шаҳраксозиҳои саҳюнистҳо дар сарзаминҳои ишғолиро маҳкум ва бар ҳимоят аз мардуми Фаластин таъкид кард.
Ба нақл аз Алъолам, Вазорати умури хориҷаи Туркия дар ин баёния зимни маҳкум кардани шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ эълом кард, идомаи шаҳраксозиҳои ғайри қонунии режими саҳюнистӣ дар Фаластин ҳатто дар моҳи мубораки Рамазон, охирин намуна аз руйкарди ғайри инсонии ин режим аст.
Вазорати умури хориҷаи Туркия ба тарҳи режими саҳюнистӣ барои сохти 800 воҳиди маскунии нав дар Қудс ишора кард ва таъкид кард, иқдомоти режими саҳюнистӣ муғоир бо қавонини байналмиллалӣ аст.
Иттиҳодияи Аврупо низ рӯзи шанбе тасмими режими саҳюнистӣ барои сохти воҳидҳои маскунии нав дар Қудси ишғолиро маҳкум кард.
Вазорати маскан ва шаҳрсозии режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа тарҳи муноқисаи сохти 805 воҳиди маскунии нав дар Қудси ишғолиро тасвиб кард.
Режими саҳюнистӣ ҳамвора бетаваҷҷуҳ ба хости ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бо иттако ба пуштибонии Амрико ба сохти шаҳракҳои саҳюнистнишин идома медиҳад дар ҳоле, ки тамомии ин шаҳракҳо бар асоси қавонини байналмиллалӣ ғайри қонунӣ ҳастанд.
Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид 23 декабри 2016 дар қатъномае (қатъномаи 2334) аз режими саҳюнистӣ хост фавран ва ба таври комил тамомии фаолиятҳои шаҳраксозии худро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин мутаваққиф кунад.