Июн 02, 2019 09:51 Asia/Dushanbe
  • 79 захмӣ дар таркиши як коргоҳи тавлидӣ дар Русия

Се таркиши маҳиб дар як коргоҳи тавлиди муҳиммот дар корхонаи Кристали шаҳри Дзержинск дар вилояти Нижнӣ Новгороди Русия 79 захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, мақомоти рус пеш аз ин шумори захмиҳои ин ҳодисаро 38 нафар эълом карда буданд.

Ҳануз мақомоти расмӣ дар хусуси теъдоди қурбониёни ин ҳодиса изҳори назаре накардаанд.

Дар ин ҳодиса панҷ сохтмони ин корхона ва наздик ба 180 воҳиди маскунӣ осиб дид.

Эроди фаннӣ дар хатти тавлиди ин корхона иллати эҳтимолии ин таркиш эълом шудааст.

Бархе расонаҳо аз мафқуд шудани ҳадди ақал ду нафар дар ин ҳодиса хабар медиҳанд.

 

Барчасп