Июн 04, 2019 16:42 Asia/Dushanbe
  • Эътирозҳо дар Арманистон алайҳи эъмоли таърифаи гумрукӣ бар воридоти сементи Эрон

Садҳо тан аз фаъолони саноати сохтмон дар Арманистон дар эътироз ба лоиҳаи эъмоли таърифаи гумрукӣ бар воридоти сементи Эрон дар муқобили сохтмони парлумони ин кишвар таҷаммӯъ карданд.

Муътаризон бо баёни ин ки эъмоли аворизи гумрукӣ бар воридоти сементи Эрон боиси афзоиши баҳои он мешавад, таъкид карданд, ин лоиҳа бар саноати сохтусоз дар Арманистон таъсири манфӣ мегузорад ва дар ниҳоят масрафкунандагони арманӣ зиён хоҳанд дид.

Парлумони Арманистон ба рағми эътирозҳои умумӣ дар ҷаласаи рӯзи душанбеи худ ба лоиҳаи эъмоли таърифаи гумрукӣ бар воридоти сементи Эрон раъйи мусбат дод. Бар асоси ин қонун, бар ҳар тонна воридоти семент аз Эрон 14 ҳазор драм (воҳиди пули Арманистон) аворизи гумрукӣ эъмол мешавад.

Арманистон ба далели кайфияти болои сементи тавлиди Эрон солҳост, бахши аъзами сементи мавриди ниёзи худро аз ин кишвар таъмин мекунад.

 

Барчасп