Июн 08, 2019 12:06 Asia/Dushanbe
  • Марги беш аз 500 муҳоҷир дар обҳои Мадитарона

Созмони байналмиллалии муҳоҷират, аз марги беш аз 500 муҳоҷир дар обҳои дарёи Медитарона хабар дод.

Ба гузориши шабакаи Двича Валла,Созмони байналмиллалии муҳоҷират рӯзи ҷумъа дар гузорише эълом кард,аз оғози соли 2019 то кунун 519 муҳоҷир дар дарёи Мадитарона ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ниме аз муҳоҷирон соли 2019 дар соҳилҳои Италия ва Молт ҷон бохтанд.

Ба гузориши Созмони байналмиллалии муҳоҷират, Юунон ҳамчунон ба унвони мақсади аслии муҳоҷирон шинохта мешава.

Бино бар эъломи Созмони байналмиллалии муҳоҷират, бовуҷуди коҳиши вурӯд ба Аврупо аз роҳи дарё,оморҳо  нишондиҳандаи афзоиши марг ва мири муҳоҷирон дар дарёи Мадитарона аст.

Бар асоси ин гузориш,дар панҷ моҳи аввали соли ҷории 2019 и милодӣ,21 ҳазор нафар аз роҳи дарё вориди Аврупо шуданд; ин дар ҳоле аст,ки дар соли гузаштаи 2018 шумори муҳоҷирон ҳудуди 32 ҳазор нафар буд.

Дар солҳои ахир шуморе аз шаҳрваандони кишварҳо дар Ховари Миёна ба шимоли Африқо,бо ҳадафи раҳоӣ аз хушунатҳо ва бесуботии иқтисодӣ иҷтимоӣ ва сиёсии ноши аз дахолати Ғарб талош мекунанд кишварашон ро тарк кунанд ва худро ба Аврупо брасонанд.

Бисёре аз кишварҳои Аврупоӣ,низ тадбирҳои сахтгиронаеро алайҳи муҳоҷирон ба иҷро гузоштаанд.