Июн 08, 2019 20:31 Asia/Dushanbe
  • Муҳлати Амрико ба Туркия барои сарфи назар кардан аз хариди сомонаи мушакии русӣ

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико ҷумъашаб гуфт, Вашингтон ба Туркия то 31 –уми июл муҳлат медиҳад, ки аз хариди сомонаи дифои мушакии “С-400” –и Русия сарфи назар кунад.

Ба гузориши ИРНА, Патрик Шанаҳан афзуд, агар Туркия то 31 –уми июл аз хариди “С-400” сарфи назар накунад, ҳамкории Анкара ва Вашингтон дар барномаи тавлиди ҷангандаи “Ф- 35” ва низ омӯзиши халабонони турк дар Амрико мутаваққиф хоҳад шуд.

Сарпарасти Вазорати дифои Амрико ҳамчунин таъкид кардааст, дар сурате, ки Туркия сомонаи “С- 400”-ро аз Русия бихарад, қатъан бар асоси қонуни муқобила бо душманони Амрико бо таҳримҳои Вашингтон рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин изҳороти Шанаҳан дар ҳоле аст, ки Хулуси Окор, вазири дифои Туркия чаҳоршанбеи 22 май таъкид кард, Анкара барои рӯёрӯӣ бо таҳримҳои эҳтимолии Амрико ба далели хариди сомонаи дифои мушакии “С-400” –и Русия омодагӣ дорад.

Дар моҳҳои ахир таниш миёни Амрико ва Туркия бар сари масоили мухталиф, аз ҷумла хариди сомонаи “С – 400” боло гирифтааст.

Вашингтон муддаӣ аст, истиқрори сомонаи дифои мушакии “С-400” дар хоки Туркия нуқоти заъфи ҷангандаи пинҳонкори “Ф-35” –и Амрикоро ошкор хоҳад кард.

Қарордоди фурӯши “С – 400” ба Туркия декабри соли 2017 ба имзо расид ва ширкати “Русоборон экспорт” - ожонси содиркунандаи таслиҳоти Русия эълом кардааст, раванди таҳвили сомонаи дифои мушакии “С-400” ба Туркияро аз моҳи июл оғоз хоҳад кард.

 

Барчасп