Эҳзори сафири Қирғизистон дар Анкара ба Вазорати хориҷаи Туркия
(last modified Sat, 08 Jun 2019 15:37:48 GMT )
Июн 08, 2019 20:37 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Қирғизистон дар Анкара ба Вазорати хориҷаи Туркия

Вазорати умури хориҷаи Туркия бо эҳзори сафири Қирғизистон дар Анкара, эътирози худро нисбат ба иқдомоти ахири Бишкек ба вай иблоғ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати умури хориҷаи Туркия ба норизоятии давлати Қирғизистон аз иқдомоти Комил Фирот, сафири ин кишвар дар Бишкек эътироз кард.

Бар асоси ин гузориш, Кубоничбек Умаралиев, сафири Қирғизистон дар Анкара ба Вазорати умури хориҷаи Туркия фаро хонда шуд ва муовини вазири умури хориҷаи Туркия эътирози ин кишварро ба намояндаи Қирғизистон иблоғ кард.

Дар ин нома омадааст, Комил Фирот дар Қирғизистон фаъолияти худро дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ анҷом дода ва дар умури дохилии Бишкек дахолат накардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки сафири Туркия дар рӯзи иди Фитр ба маҳалли вуқӯи даргирии қавмӣ байни қирқизҳо, туркҳо ва курдҳои сокини рустои Арок дар наздикии шаҳри Бишкек рафта ва бо сокинони русто сӯҳбат кардааст.

Ҳамчунин баҳси нишондани сафири турк бо тарафдорони Гюлен боиси норизоятии Фирот шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар вокуниш ба ин иқдом эътирози худро ба сафири Туркия иблоғ карда ва аз вай хоста то дар умури дохилии ин кишвар дахолат накунад.

Дар натиҷаи даргирии қавмии ахир дар рустои Ароки Қирғизистон беш аз 30 нафар боздошт шуда ва ҳамчунон таҳқиқот дар мавриди далоили даргирӣ дар ҳоли такмил аст.