Ҷоизаи даҳ ҳазор долларии Ҳинд барои ёбандаи ҳавопаймои гумшуда
Июн 11, 2019 13:53 Asia/Dushanbe
Давлати Ҳинд барои ёбандаи ҳавопаймои гумшуда маблағи 550 ҳазор рупия муодили даҳ ҳазор доллар ҷоиза таъин кардааст.
Ба гузориши ИРНО, ҳавопаймои низомии (AN-32)-и Ҳинд бо 13 хадама душанбеи гузашта дар наздикии марзи Чин аз радар хориҷ шуд.
Неруи ҳавоии артиши Ҳинд эълом кард 9 болгард ва ҷанганда барои пайдо кардани ин ҳавопаймои гумшуда ба маҳл эъзом кардааст.
Гуфтанист талошҳо барои ёфтани ҳавопаймои гумшуда токунун бенатиҷа будааст.