Ҷоизаи даҳ ҳазор долларии Ҳинд барои ёбандаи ҳавопаймои гумшуда
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44384-Ҷоизаи_даҳ_ҳазор_долларии_Ҳинд_барои_ёбандаи_ҳавопаймои_гумшуда
Давлати Ҳинд барои ёбандаи ҳавопаймои гумшуда маблағи 550 ҳазор рупия муодили даҳ ҳазор доллар ҷоиза таъин кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 11, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаи даҳ ҳазор долларии Ҳинд барои ёбандаи ҳавопаймои гумшуда

Давлати Ҳинд барои ёбандаи ҳавопаймои гумшуда маблағи 550 ҳазор рупия муодили даҳ ҳазор доллар ҷоиза таъин кардааст.

Ба гузориши ИРНО, ҳавопаймои низомии (AN-32)-и Ҳинд бо 13 хадама душанбеи гузашта дар наздикии марзи Чин аз радар хориҷ шуд.

Неруи ҳавоии артиши Ҳинд эълом кард 9 болгард ва ҷанганда барои пайдо кардани ин ҳавопаймои гумшуда ба маҳл эъзом кардааст.

Гуфтанист талошҳо барои ёфтани ҳавопаймои гумшуда токунун бенатиҷа будааст.