Кори аҷиби тамошогари футболи байни Туркия ва Исландия даъво андохт (видео)
(last modified Tue, 11 Jun 2019 15:57:46 GMT )
Июн 11, 2019 20:57 Asia/Dushanbe

Кори аҷиби як тамошогари футбол ҳангоми вуруди тими миллии Туркия ба Исландия дар равобити ду кишвар таниш эҷод кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, рӯзи душанбе вуруди тими миллии футболи Туркия ба фурудгоҳи байналмилалии Рейкявики Исландия ҳошияҳои фаровонӣ эҷод кард.

Ҳангоми мусоҳибаи яке аз бозикунони тими миллии Туркияи фарде ба ҷойи микрофон ферча (чуткаи тоза кардани ҳоҷатхона, туалетный ёрщик)-еро муқобили бозикуни туркро гирифт, ки ин ҳаракати ӯ ва низ маътал шудани беш аз ҳадди тими футболи Туркия дар фурудгоҳи Исландияи боиси эҷоди таниши миёни ин ду кишвар шудааст.

Мақомоти Исландия муътақиданд, касе, ки ин корро анҷом дода, як мусофир будаву аз мардуми Исландия нест, аммо дар тарафи муқобили масъулону мақомоти кишвари Туркия мегӯянд, ки қасди он фард таҳқиру нажоду забони мардуми Туркия будааст. Аз сӯйи дигар Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия дар пайи бархӯрди номуносиби масъулони фурудгоҳи байналмилалии Рейякявик бо аъзоии тими миллии футболи кишвараш дар гуфтугӯии телефонӣ бо ҳамтоии исландияш маротиби эътирози худро ба ӯ эълом кард.

Тими миллии Туркия барои баргузории мусобиқаи муқаддамотии Евро-2020 бо Исландия ба ин кишвар сафар кардааст.