Июн 15, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ҷангҳои тиҷории воқеӣ дар дар ҷаҳон дар роҳ аст

Раисҷумҳури Русия дар иҷлоси СИКА дар Тоҷикистон дар бораи роҳ афтодани ҷангҳои тиҷории воқеӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин дар суханронии худ дар нишасти Таомул ва Эътимодсозии Осиё (СИКА) гуфт: “Ҷангҳои воқеии тиҷорӣ дар саросари дунё дар роҳ аст ва мутаассифона, аз эҷоди тарс ва бо шеваҳои ғайритиҷорӣ барои шикаст ва ба зону даровардани рақибон истифода мешавад, ки ҳамонанди ҷангҳои беқонун аст. Ҳоло ёфтани роҳе барои муқобила бо ин вазъият ба мавзӯӣ ҷиддӣ табдил шудааст”.

Вай бо ишора ба таҳдидҳои террористӣ ва ифротгароӣ низ гуфт, ки бояд дар баробари мушаххас шудани созмон ва гурӯҳҳои террористӣ, манобеи молии терроризм, аз ҷумла маводи мухаддир, ифротгароӣ ва сӯиистифода аз фанновариҳои интернетӣ ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон, ки аз соли 2015 –и мелодӣ, пас аз хориҷ шудани Амрико аз аз тавофуқи ҳастаӣ дучори буҳрон шудааст, низ яке дигар аз бахшҳои суханронии Путин буд.

Раисҷумҳури Русия гуфт: “Хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ, иҷрои онро бо мушкил мувоҷеҳ сохтааст. Ин вазъият бар муқаррароти пешгирӣ аз тавсеаи силоҳҳои ҳастаӣ таъсири манфӣ мегузорад ва ба назари мо, танҳо роҳи оқилона ин аст, ки имзокунандагони ин тавофуқнома ба тааҳҳудоти худ амал кунанд”.

Путин дар бораи Сурия низ гуфт, ки бо талошҳои Русия қисмати зиёде аз қаламрави Сурия ба ҳукумати Башор Асад бозгардонда шуда ва фаъолиятҳои ҳамоҳанги Русия, Эрон ва Туркия дар чорчӯби тавофуқҳои Остона (Нурсултон) боздеҳи амалӣ доштааст.

Путин дар бораи буҳрони нимҷазираи Корея низ гуфт, кишвараш тарафдори ҳалли дипломатӣ ва маслиҳатомези масъала аст ва ба ҷуз роҳи дипломатӣ ҳеҷ гузинаи дигаре надорад.