Июн 15, 2019 20:57 Asia/Dushanbe
  • Зиракии Путин бо харҷ аз кисаи мизбон!

Раисҷумҳури Русия имрӯз дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба маҳалли иқомати раисҷумҳури Чин рафт то таваллуди Си Ҷинпингро ба ӯ табрик бигӯяд.

Владимир Путин, ки барои ширкат дар иҷлоси СИКА ҳамчун ҳамтои чинии худ Си Ҷинпинг дар Душанбе ҳузур дорад, таваллуди раисҷумҳури Чинро ба ӯ табрик гуфт ва ба ӯ бастанӣ (яхмос) -и махсуси русӣ ва кейк (торт) ҳадя дод.

Раисҷумҳури Чин ҳам ба Путин чойи чинӣ ҳадя дод.

Иқдоми раисҷумҳури Русия таваҷҷуҳи фаровони сомонаҳои хабарӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ҷалб кард.

Сомонаҳои хабарӣ ин иқдоми Путинро дипломатияи фарҳангии муваффақиятомези ӯ донистанд ва бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ таваллуд гирифтан барои Си Ҷинпинг дар кишвари севум, яъне Тоҷикистонро нишонаи зиракии Путин хонданд.

Ин корбарон мегӯянд, дар ҳоле ки Тоҷикистон мизбони сарони СИКА аст ва барои баргузории иҷлос ва фароҳам будани осоиши меҳмонон ҳазина ва талоши бисёре кардааст, Путин бо зиракӣ ва танҳо бо таҳияи кейку бастании русӣ, ҷашни таваллуд барои ҳамтои чиниро ба номи худ тамом кард.