Июн 16, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳоким шудани фазои беэътимодӣ ва ташвиш дар Британия

Натоиҷи назарсанҷии ҷадид дар Британия баёнгари ҳоким шудани фазои ташвиш ва беэътимодӣ дар мавзӯи “Брекзит” аст.  

Ба навиштаи рӯзномаи “Гордиан”, чопи Лондон, натоиҷи назарсанҷии ҷадиди муассисаи “Афкори Англия” дар Британия баёнгари он аст, ки фазои ташвише, ки “Брекзит” бар Британия ҳоким кардааст, бесобиқа буда ва ихтилофи назар миёни ҷавонон ва бузургсолон беш аз ҳар замони дигаре аст.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, илова бар феҳристи тӯлонии норизоятиҳо ва нигаришҳои манфӣ, ҳисси “шикаст”, “андуҳ” ва “нигаронӣ” низ бар Британия соя афкандааст.

Маркази назарсанҷии “Афкори Англия” эълом кард, ҳафт нафар аз ҳар 10 британиёӣ дар бораи хатари бехонумонӣ ҳисси бадбинӣ доштанд, 68 дарсад дар бораи фақри физоянда нигарон буданд ва як нафар аз ҳар панҷ нафар эҳтимол медод худаш ё фарди дигаре дар соли оянда аз ҷумлаи қурбониёни ҷароими хашин бошанд.

Ин назарсанҷӣ ҳамчунин нишон дод, ҳудуди аз чор се ҳиссаи бритониёиҳо нигаронанд, ки вазъи кишварашон дар соли пешорӯ бадтар мешавад.

Мавзӯи ҷудоии Британия аз Иттиҳоди Аврупо ба бунбасте кашида шуд, ки истеъфои Тереза Мэй аз мақоми нахуствазирӣ ва раёсати ҳизби ҳокимро ба ҳамроҳ дошт.

Қарор аст натиҷаи ниҳоии интихоби ҷонишини Тереза Мэй, ки мароҳили мухталифе дорад, то поёни моҳи июл эълом шавад ва то он замон вай масъулияти идораи умури давлатро ӯҳдадор хоҳад буд.

 

 

Барчасп