Июн 17, 2019 20:12 Asia/Dushanbe
  • Толибон ба духтарон иҷоза дод то диплом дарс бихонанд

Сарпарасти Вазорати омӯзиш ва парвариши Афғонистон, ки дар Маҷлиси сенати ин кишвар сухан мегуфт, аз иҷозаи Толибон ба духтарон барои таҳсил то мақтаи диплом хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Мирвайси Балхӣ гуфт, ба тозагӣ паёме аз Толибон дар вилояти Кундӯз дарёфт кардааст, ки духтарон дар манотиқи таҳти тасаллути ин гурӯҳ метавонанд то диплом дарс бихонанд.

Пеш аз ин Толибон дар манотиқи таҳти идораи худ дар Афғонистон ба духтарон иҷоза медоданд фақат то шашуми ибтидоӣ ба мадраса бираванд.

Балхӣ ҳамчунин гуфт, соли гузашта 333 мадраса (мактаб) дар манотиқи таҳти идораи тТолибон бозкушоӣ шуд ва имсол низ талошҳо барои бозкушоии дигар мадорис дар манотиқи ноамн идома меёбад.