Июн 19, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
  • Тадобири ҷадиди Венесуэла барои муқобила бо таҳримҳои Амрико

Амрико дар давраи зимомдории Доналд Трамп иқдомоти худро ба манзури барандозии давлати чапгарои Венесуэла ва сарнагунии Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии ин кишвар ташдид кардааст. Вашингтон дар ҳоли ҳозир бар истифода аз абзорҳои иқтисодӣ алайҳи давлати Мадуро тамаркуз кардааст.

Муддатҳост, ки Амрико талош мекунад, бо таҳримҳои молӣ, иқтисодӣ ва эҷоди монеа дар таомули давлати Венесуэла бо созмонҳо ва ширкатҳои хориҷӣ давлати чапгарои ин кишварро беш аз пеш таҳти фишор бигузорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин рӯйкарди хасмонаи Вашингтон Бонки Венесуэла созукорҳои ҷадидеро барои муқобала бо таҳримҳои иқтисодии Амрико эҷод мекунад. Ҷосе Моралес, раиси ин бонк эълом кард, ки ба дунболи ташдиди муҳосираи иқтисодии вашингтон алайҳи Каракас, ки бо ҳадафи баста шудани ҳисобҳо ва коҳиши имкони тиҷорат бо ширкатҳои хориҷӣ анҷом мешавад, тадобири ҷадиде ба иҷро дар хоҳад омад. Ба гуфтаи Моралес, бо таваҷҷуҳ ба эъломи Вашингтон мабнӣ бар поёни хадамоти корти эътибории "Виза" ва "Мастеркорт" дар Венесуэла то 30 марти соли 2020 Бонки Венесуэла нармафзори бумии ҷадидеро, ки дар ин кишвар мустақар хоҳад буд, роҳандозӣ мекунад. Вай таъкид кард, ки "дар ҳоли тақвияти системаҳои эелектронӣ ва иртиботӣ ҳастем, то битавонем фаъолиятҳои молии хориҷиро анҷом диҳем. Тамоми ин иқдомот ва табодулоти молӣ бо иттихози тадобири амниятӣ ҳамроҳ хоҳад буд".

Венесуэла, ки моҳҳост, бо бадтарин вазъияти иқтисодии чанд даҳаи ахири худ, аз ҷумла камбуди маводи ғизоӣ ва дору ба далели фишорҳои густардаи Амрико рӯ ба рӯ буда, ҳамчунон ба дунболи роҳҳои мухталиф барои муқобила бо ин вазъият аст ва дар ин росто давлати Мадуро натавониста барои касби даромад ва ба рағми мувоҷиҳа бо таҳримҳои амрико бахше аз захоири тилои худро бифрӯшад. Давлати Каракас пештар низ иқдомоти дигареро барои муқобила бо таҳримҳои Амрико ва дастёбӣ ба даромад анҷом дода буд. Давлати Венесуэла чанд рӯз пеш аз оғози тарҳи миллии истихроҷи маодин аз соли 2019 то соли 2025 хабар дод, ки пешбинӣ мешавад, даромаде ҳудуди 33 миллиард евро барои давлат ба ҳамроҳ дошта бошад.

Тайи моҳҳои гузашта Амрико ва муттаҳидонаш ҳамзамон бо ба роҳ андохтани ҷанги равонии густардае алайҳи давлати Каракас талош карда, бо вазъи таҳримҳои шадид ва ҳамчунин таҳти фишор қарор додани фармондеҳони артиши Венесуэла онҳоро ба адами ҳимоят аз Мадуро маҷбур кунанд, аммо ба эътирофи расонаҳои амрикоӣ, то кунун тамоми тарҳҳои Вашингтон барои рӯйи кор овардани дастнишонда дар Венесуэла таҳти раёсати Хуан Гуайдо, саркардаи мухолифон бо шикаст мувоҷеҳ шудааст. Майк Пампео, вазири умури хориҷии Амрико дар ин замина эълом кард, Вашингтон аз ҳама абзорҳои сиёсӣ ва иқтисодии дар дастраси худ барои эъмоли фишори давлати Мадуро истифода хоҳад кард.  

Гуайдо 23 январи имсол бо бархудорӣ аз ҳимояти Амрико машрӯияти қонунии Мадуроро зери суол бурд ва худро раисҷумҳури Венесуэла хонд. Ин иқдоми ӯ шуълавар шудани буҳрони сиёсиро дар Венесуэла дар пай доштааст. Дар муқобили Мадуро ба унвони раисҷумҳури қонунии Венесуэла Гуайдоро арӯсаки хаймаи шаббозии амрико медонад.

Русия ва Чин ба унвони ду қудрати байналмилалии рақиби Амрико мухолифати сареҳи худ бо рӯйкарди Амрико эълом ва бар ҳимоят аз давлати Венесуэла ва Мадуро таъкид кардаанд. Давлати Мадуро умедвор аст, бо ҳамкории кишварҳое чун Русия ва Чин бо таҳримҳои иқтисодии Амрико муқобила кунад.

Барчасп