Июн 22, 2019 13:28 Asia/Dushanbe
  • Трамп; ҳузурамон дар ғарби Осиё иштибоҳ буд, дӯстдорам хориҷ шавем

Раиси ҷумҳурии Амрико дар гуфтугӯ бо нашрияи Тайм таъкид карда,ки ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар минтақаи Осиёи ғарбӣ иштибоҳ буда ва Ӯ тамоюл дорад ба ин иштибоҳ поён диҳад.

Нашрияи Тайм муҳосибаи худро бо Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико,ки чанд рӯз пеш анҷом шуда, рӯзи ҷумъа ба таври комил мунташир кард.

Вай дар ин мусоҳиба, тасмими Эрон бинобар ғанисозии уран ва сатҳҳои болои 3. 67 дар сад ( Дар сурати риоят накардани иҷроии таъаҳудоти Аврупо пас аз муҳлати 60 рӯза ) ро як иштибоҳи бузург хонда аммо дар баробари ин суол,ки оё дар чунин шароите бештар ба гузинаи низомӣ таваҷуҳ хоҳад кард мегуяд; ман чунин чизе намегуям. аслан наметавонам инро бигуям. Чунин иқдоме номуносиб хоҳад буд. Аммо онҳо дар сурати ғанисозӣ ( Дар сатҳи болотар ) муртакиби иштибоҳи бузурге мешаванд.

Раиси ҷумҳурии Амрико вақте бо суоле дар хусуси эҳтимоли рӯё рӯйи бо Эрон мувоҷаҳ шуда , чунин посух гуфтааст; хуб бубинед ман дар хусуси Эрон гуфта будам,ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст намеёбад,ин масала хеле муҳим аст. Дар Афғонистон, вақте ман омадам 16 ҳазор нерӯ доштем. Дар ҳоли ҳозир 9 ҳазор нерӯ дорем. Иттифоқоти хубе онҷо дар ҳоли рух додан аст. На ( Намехоҳам бо Эрон вориди рӯё рӯйи шавам ), ман мехоҳам аз Ховари Миёна хориҷ шавем, мо ҳаргиз набояд дар Ховари Миёна ҳузур пайдо мекардем. Ҳаргиз набояд онҷо мебудем ва ман мехоҳам хориҷ шавем.

Хабарнигори Тайм аз Трамп пурсидааст,ки ба тавзиҳоти Ӯ, Амрико ба хотири силоҳи ҳастаӣ бо Эрон вориди ҷанг мешавад аммо ба хотири тангаи Ҳурмуз чунин иқдоме сурат намедиҳад ва Трамп посух медиҳад; ман ҳатто инро ҳам намехоҳам бигуям,албатта мутмаинан ба хотири силоҳи ҳастаи вориди ҷанг мешавам аммо дар хусуси мавриди дигар ( Тангаи Ҳурмуз ) онро ба сурати як аломати суол боқӣ мегузорам.

Барчасп