Шодии Ашраф Ғанӣ аз финалист шудани футсолистҳои афғон дар Осиё + видео
Раисҷумҳури Афғонистон роҳёбии тими миллии кишварашро ба финали рақобатҳои қаҳрамонии футсоли зери 20 соли Осиё, ба сармураббии тими миллии кишвараш табрик гуфт.
Тими миллии футсоли ҷавонони Афғонистон бо пирӯзии чаҳор бар се муқобили Индонезия, ба финали рақобатҳои қаҳрамонии футсоли зери 20 соли Осиё, ки дар Табрези Эрон баргузор мешавад, роҳ ёфт.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ин пирӯзиро ба сармураббии тими миллии кишвараш табрик гуфт ва таъкид кард, пас аз бозгашти аъзои тими миллии Афғонистон ба ватан ба истиқболашон меравад.
Афғонистон дар дидори поёнии рақобатҳои қаҳрамонии футсоли зери 20 соли Осиё рӯзи шанбе - 22 –юми июн аз соати 18:30 ба вақти Эрон бо Ҷопон рӯбарӯ мешавад.