Июн 23, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Чин: Тарафҳои БАРҶОМ бояд ба хостаҳои қонунии Эрон таваҷҷуҳ кунанд

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин хостори иҷрои комили БАРҶОМ аз сӯи ҳамаи тарафҳои ин тавофуқи байналмиллалӣ ва таваҷҷуҳ ба хостаҳои қонунии Эрон шуд.

Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Форс, Лу Канг бо ишора ба пойбандии Эрон ба БАРҶОМ гуфт, тарафҳои дигари БАРҶОМ бояд тааҳудоти худро иҷро ва ба хостаҳои қонунии Эрон таваҷҷуҳ кунанд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин бо баёни ин ки Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ то кунун дар понздаҳ гузориш пойбандии Эрон ба БАРҶОМ-ро таъид кардааст, изҳор дошт, тарафҳои дигари БАРҶОМ бояд аз тариқи иқдомҳои итминонбахши таодул дар иҷрои ҳуқуқ ва тааҳудот, БАРҶОМ-ро ҳифз кунанд.

Олмон, Британия ва Фаронса баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ ваъда доданд бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон, ин тавофуқро ҳифз кунанд. Ин кишварҳо алорағми истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун мувафақияте дар иқдомоти амалии ваъдадодашуда барои ҳифзи ин тавофуқ касб накардаанд.

Дар ҳамин росто, Шурои олии амнияти миллии Эрон 8 -уми майи соли 2019 дар вокуниш ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва бадаҳдии тарафҳои аврупоӣ бо судури баёнияе аз таваққуфи бархе тааҳудоти барҷомии Эрон бар асоси бандҳои 26 ва 36 -и ин тавофуқ хабар дод ва ба кишварҳои боқимонда дар БАРҶОМ 60 рӯз фурсат дод, то тааҳудоти худ, ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтиро иҷро кунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико сешанбеи 8 -уми майи соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳудоти Вашингтон зайли БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ рӯ ба рӯ шудааст.