Июн 23, 2019 19:09 Asia/Dushanbe
  • Дархости ASEAN барои мизбонии муштараки мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии 2034

Раиси Иттиҳоди кишварҳои ҷануби шарқи Осиё (ASEAN) эълом кард, кишварҳои даҳгонаи ин иттиҳодия дар пайи нишасти Бангкок тавофуқ карданд, дархости ҷамъӣ барои баргузории мизбонии муштараки мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии 2034-ро ироа кунанд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Дон Прамудуинаи ҳамзамон бо баргузории иҷлоси вазирони умури хориҷа ва сарони ин блоки иқтисодӣ дар Бангкок - пойтахти Таиланд гуфт, ҳамаи кишварҳои узви ин блоки иқтисодӣ дар ҷануби шарқи Осиё хостори мизбонии муштараки бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2034 ҳастанд ва тасмим доранд ба зудӣ дархости расмии худро ба ФИФА ироа кунанд.

Вазири умури хориҷаи Таиланд, ки кишвараш раёсати солонаи ASEAN -ро бар уҳда дорад, гуфт, ки 10 кишвари узв аз ҳамакнун 15 сол фурсат доранд то зерсохтҳои лозим барои мизбонии ин мусобиқотро дар соли 2034 бар уҳда гиранд.

Раҳбарони 10 кишвари ҷануби шарқи Осиё аз дирӯз (шанбе) дар Бангкок - пойтахти Таиланд бо ҳадафи коҳиши осори ҷанги тиҷории Вашингтон зидди Пекин дар минтақаи ASEAN  гирдиҳам омаданд.

Кишварҳои Малайзия, Индонезия, Таиланд, Бруней, Сингапур, Миёнмор, Камбоҷа, Лаос, Филиппин ва Ветнам аъзои Иттиҳодияи кишварҳои ҷануби шарқи Осиё (ASEAN)-ро ташкил медиҳанд.

 

Барчасп