Назарсанҷӣ: Мизони ризоят аз Трамп ҳаргиз ба 50 дарсад намерасад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44646-Назарсанҷӣ_Мизони_ризоят_аз_Трамп_ҳаргиз_ба_50_дарсад_намерасад
Бар асоси назарсанҷии ҷадид дар Амрико, Доналд Трамп танҳо раисҷумҳури ин кишвар аст, ки мизони ризоятмандӣ ва ҳимоят аз вай ҳаргиз ба 50 дарсад нахоҳад расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2019 16:22 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷӣ: Мизони ризоят аз Трамп ҳаргиз ба 50 дарсад намерасад

Бар асоси назарсанҷии ҷадид дар Амрико, Доналд Трамп танҳо раисҷумҳури ин кишвар аст, ки мизони ризоятмандӣ ва ҳимоят аз вай ҳаргиз ба 50 дарсад нахоҳад расид.

Ба гузориши шабакаи хабарии "MSNBC", ин назарсанҷӣ, ки муассисаи “Монмус” –и Амрико онро анҷом додааст, нишон медиҳад, мизони ризоятмандӣ аз Трамп ва таъйиди вай рӯйи адади 41 дарсад мондааст.

Бар асос ин назарсанҷӣ, 59 дарсади мардуми Амрико муътақиданд, Трамп набояд бори дигар ба унвони раисҷумҳур интихоб шавад.

Натоиҷи назарсанҷии “Голлап” (Gallup) дар моҳи июн низ мизони ризоят аз Трампро 43 дарсад нишон медод, ки аз раванди коҳишии рақами 46 дарсади моҳи апрел ҳикоят дошт.

 Амалкарди нодурусти Трамп дар сиёсати хориҷӣ ва низ зидди муҳоҷирон ва таниши тиҷорӣ бо Чину Аврупо муҷиби норизоии рӯзафзуни мардуми Амрико аз вай шудааст.