Июн 24, 2019 09:34 Asia/Dushanbe
  • 14 Кушта дар як маросими мазҳабӣ дар шимоли Ҳинд

Дасти кам 14 нафар рӯзи якшанбе дар як маросими мазҳабӣ дар иёлоти Раҷистон ( шимоли Ҳинд ) ҷони худро аз даст доданд ва даҳҳо тани дигар низ захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабарии Садо ва симо; фурӯ рехтани чодари маҳали баргузории маросим муҷиби кушта ва захмӣ шудани ширкаткунандагон гузориш шудааст.

Пулис теъдоди маҷрӯҳини ин ҳодисаро дасти кам 60 нафар эълом кардааст.

Таҳқиқоти пулис дар хусуси ин ҳодиса оғоз шудааст.

Рӯзномаи ҳиндии Индия Ту Дей иллати суқути чодар ро вазиши шадиди бод эълом кардааст.

 Норендро Мудӣ нахуст Вазири Ҳинд дар Твиттер ин ҳодисаро таасуфбор хонд.

Барчасп