Июн 24, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Кремл: Таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ғайриқонунӣ аст

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия низ рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ин кишвар дар канори дигар нерӯҳои мантиқӣ, бо таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон муқобила мекунад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Рябков афзуд: “Мо дар ҳоли баррасии таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон ҳастем ва то кунун борҳо ба ғайриқонунӣ будани таҳримҳои якҷониба ишора кардаем”.

Ин мақоми рус гуфт, ҳамаи ин масоил бозтобдиҳандаи як улгуи густурдатар аст, ки акнун ба назар мерасад мабнои сиёсати хориҷии Амрикоро ташкил медиҳад ва ҳадафи он ҷойгузин кардани ҳуқуқи байналмилалӣ ва созукорҳои ҷаҳонии ҳалли масъала, бо қонунгузориҳои миллӣ ва иқдомоти якҷониба аст.

Вай афзуд, ин иқдом як дастурт маҳз ва талош барои таҳмилт шароите аст, ки Вашингтон эъмолт онро алайҳт дигарон саҳеҳ медонад, ки ин мавзуъ барои мо пазируфтанӣ нест ва мо ба муқобила бо ин сиёсат идома хоҳем дод.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ҳам гуфтааст, Маскав таҳримҳои Амрико зидди Эронро ғайриқонунӣ медонад.

 

Барчасп