Июн 25, 2019 17:23 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти омодагии нерӯҳои рус дар марзҳои Русия

Як мақоми низомии Русия эълом кард, ин кишвар иқдомотеро барои тақвияти омодагии нерӯҳояш дар манотиқи марзӣ иттихоз кардааст.

Ба гузориши ИТАР-ТАСС, генерал Сергей Липовой рӯзи сешанбе гуфт, иқдоми ногаҳонии артиши Русия барои афзоиши омодагии нерӯҳояш ба афзоиши таҳаррукоти Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар наздикии марзҳои Русия, ташдиди танишҳои миёни Амрико ва Эрон ва низ таҳаввулоти ахир дар Гурҷистон муртабит аст. Ин фармондеҳи низомии Русия афзуд, ҳадафи аслии размоиши артиши ин кишвар арзёбии мизони омодагии нерӯҳои размӣ ва тавоноиҳои нақлу интиқоли онҳост.  Генерал Липовой гуфт, чунин размоишҳо нишон диҳандаи он аст, ки ҳар иқдоми таҳоҷумии зидди Русия бо посухи қотеъ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Саргей Шойгу, вазири дифои Русия аз оғози размоиши аз қабл эъломнашуда дар ин кишвар хабар дод. Ба гуфтаи Шойгу, ин размоиш аз рӯзи душанбе, 24 июн ба муддати панҷ рӯз баргузор ва дар он беш аз 50 тамрини низомии мухталиф дар беш аз 35 минтақаи низомии Русия анҷом мешавад.

Русия аз соли 2014 бо истиқрори сомонаҳои падофанди мушакии Амрико дар Лаҳистон ва Руминия, дар шарқи Аврупо ва ҳузури низомиёни НАТО дар кишварҳои ҳамарзи худ мувоҷеҳ шуда ва ба он вокуниш нишон додааст.

 

Барчасп