Июн 25, 2019 17:49 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Чин аз Амрико ба хотири идомаи таҳримҳо зидди Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин бори дигар аз Амрико ба хотири идомаи таҳримҳо зидди Эрон интиқод кард.

Ба гузориши ИРНА, Генг Шуанг (Geng Shuang) рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Пекин бо ишора ба ин ки фишор ва таҳримҳои кӯркӯрона зидди Эрон барои Амрико натиҷае нахоҳад дошт, афзуд, ин иқдомоти Вашингтон боиси афзоиши таниш дар минтақаи ғарби Осиё мешавад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин зимн таъкид бар лағви таҳримҳои Амрико зидди Эрон хоҳони оромиш ва хештандории Теҳрону Вашингтон шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳаштуми майи соли 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар БарҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард. Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.