Ҳимояти 7 кишвари аврупоӣ аз Барҷом ва ИНСТЕКС
Ҳамзамон бо нишасти камисиюни муштараки Барҷом, ҳафт кишвари аврупоӣ дар баёнияи муштараке аз талошҳо барои амалиётӣ кардани созукори вижаи молии Аврупо ва Эрон ИНСТЕКС ҳимоят карданд.
Ба гузориши ИРНА, давлатҳои Ҳуланд, Атриш, Белжик, Финландия, Славанӣ, Испания ва Суид дар ин баёния эълом карданд,ки аз мушкилоти иҷроии бахши иқтисодии Барҷом огоҳ ҳастанд ва бо Британия Франсия , Олмон Сувис иқдоми хориҷии иттиҳодияи Аврупо ва камисиюни Аврупо ҷиҳати иҷроӣ шудани созукори молӣ бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд.
Ин ҳафт кишвари аврупоӣ зимни таъкид бар лузуми ҳифзи тавофуқи ҳастаии Барҷом,он ро абзори калидӣ барои режими кантроли таслиҳот ва омили аслии ҳифзи субот дар минтақа хонданд.
Нишасти камисиюни муштараки Барҷом дар сатҳи муовинон вазирон ва мудирони сиёсии Эрон ва гурӯҳи 4 + 1 шомили Олмон, Франсия, Русия, Чин, ва Британия ба раёсати Саидаббоси Ароқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҳалга Эшмид Дабири куллӣ сервиси иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва муовини Федерико Мугаринӣ масули сиёсати хориҷии ин Иттиҳодия, соате пеш дар меҳмонхонаи Кубурги Вена оғоз шуд.