Трамп: Ҳама ба ман табрик мегӯянд!
Раисиҷумҳури Амрико дар иддаои ҷадид унвон кард, ки сарони ҳамаи кишварҳо дар нишасти Гурӯҳи 20 ба хотири пешрафти иқтисодии давлаташ ба вай табрик мегуфтанд.
Хабаргузории Садо ва симо гузориш кард, Доналд Трамп пас аз ҳузур дар нишасти раҳбарони Гурӯҳи 20 дар Ҷопон, дар сафҳаи “Твиттер” навишт: “Сарони ҳар кишваре, ки бо вай дар нишасти Гурӯҳи 20 дидор доштам, ба ман дар бораи иқтисоди бузурги мо табрик мегуфт”.
Трамп афзуд, бисёре аз кишварҳо дар ин замина мушкилоте доранд, вале мо беҳтарин иқтисоди ҷаҳонро дорем, ки дорои зарфияти бузург ва номаҳдуде барои оянда аст.
Ин “Твитт”-и Трамп дар ҳоле аст, ки бар асоси эъломи Вазорати хазонадории Амрико, қарзҳои давлати ин кишвар дар давраи Трамп бо убур аз рақами 22 триллиондоллар, дар як даҳаи ахир ду баробар шудааст.
14-ҳумин нишасти сарони Гурӯҳи 20 рӯзҳои 28 ва 29 июни 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон ва дар миёни ибрози нигаронӣ ва интиқоди ширкаткунандагон аз сиёсатҳои зидди тиҷории давлати Трамп дар эъмоли таърифаҳои гумрукӣ баргузор шуд.