Июн 30, 2019 12:53 Asia/Dushanbe
  • Гузориши манобеи Толибон аз даври ҷадиди музокирот бо Амрико

Манобеи гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аз даври ҷадиди музокироти сулҳ байни Амрико ва Толибон дар Давҳаи Қатар хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, манобеи гурӯҳи Толибон аз Кобул рӯзи шанбе эълом карданд, ҳафтумин даври музокирот рӯзи шанбе 29 июн ҳамонанди нишастҳои қаблӣ пушти дарҳои баста оғоз мешавад.

Пеш аз ин Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон, ки раёсати ҳайати амрикоиро дар музокироти Давҳа бар ӯҳда дорад, гуфта буд, дар ҳуфтумин даври музокира бо  Толибон, хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон, тазмини Толибон мабнӣ бар ҳадаф қарор нагирифтани Амрико аз хоки Афғонистон, оғози музокира байни афғонҳо ва оташбаси доимӣ, мавриди баҳсу табодули назар қарор хоҳад гирифт.

Шаш даври музокираи Амрико бо гурӯҳи Толибон то кунун ҳеҷ натиҷае надоштааст.

Толибон ҳар гуна тавофуқ бо Амрикоро ба таъйини ҷадвали замонии хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон машрут кардааст.