Коҳиши замони дарёфти тобеияти Русия барои афроди дорои тахассус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44797
Маҷлиси Русия муддатзамони дарёфти тобеияти ин кишвар барои афроди дорои тахассус дар улуми дақиқ (поя), муҳандисӣ ва пизишкиро коҳиш дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 30, 2019 21:13 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши замони дарёфти тобеияти Русия барои афроди дорои тахассус

Маҷлиси Русия муддатзамони дарёфти тобеияти ин кишвар барои афроди дорои тахассус дар улуми дақиқ (поя), муҳандисӣ ва пизишкиро коҳиш дод.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, маҷлиси Русия бо тағйири қонуни шаҳрвандии Русия, муддатзамони дарёфти тобеияти ин кишвар барои афроди дорои тахассус дар улуми дақиқ, муҳандисӣ ва пизишкиро аз се сол ба як сол коҳиш дод.

Вячеслав Валодин, раиси ДУМА-и давлатии Русия дар ин бора гуфт, ҷазби афроди дорои тахассус, ба вижа риёзидонон, пизишкон ва муҳандисон дар шароити рӯ овардани Русия ба фанноварии диҷитол муҳим аст.

Вай афзуд, ба хотири ҷазби афроди мутахассис ин тағйир дар қонуни тобеияти Русия ворид шудааст.