Баррасии ҳифзи мероси фарҳангии Самарқанд ва Бухоро дар нишасти ҷаҳонии ЮНЕСКО
Ҳайати Узбакистон ба сарпарастии муовини нахуствазир ва раиси Камисиюни миллӣ дар умури ЮНЕСКО дар шаҳри Боку дар чилу севвумин нишасти Кумитаи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони миллал ( ЮНЕСКО) ширкат мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ҳайати Узбакистон ба сарпарастии Азиз Абдулҳакимов дар ин нишаст ширкат мекунад.
Барномарезӣ шудааст, ки ҳайати Узбакистон дар чорчуби сафари 2 рӯза ба шаҳри Боку бо Алӣ Аҳмадов муовини нахуствазири Озарбойҷон Абулфазл Қараев, Вазири фарҳанг, Ҷайҳун Байрамов Вазири омӯзиш, Фавад Нагиев ,раиси Ожонси давлатии тавсиъаи гардишгарӣ, Маҳтилд Рюслар Мудири маркази мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва раисони 21 кишвари узви Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дидор ва гуфтугӯ кунад.
Ҳамакнун байни Узбакистон ва ЮНЕСКО ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва муасир беш аз пеш густариш пайдо карда аз ҷумла дар чорчуби Барномаи кишварӣ имзо шуда дар сафари Шавкат Мирзоев ба мақари ЮНЕСКО дар шаҳри Парис дар моҳи октиябри соли гузаштаи мелодӣ тарҳҳои муҳиме дар заминаҳои омӯзишӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва тавсиъаи фановариҳои иттилоърасонӣ иҷро мешавад.
Ин нахустин санаде аст,ки Юнеско бо як кишвари узв имзо кардааст.
Дар чорчуби иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии гузориши Узбакистон бинобар ҳифзи мероси фарҳангии шаҳрҳои Шаҳри сабз, Самарқанд ва Бухоро баррасӣ хоҳад шуд.
Узбакистон аз мероси фарҳангии мунҳасир бафарде бархурдор аст,ки барои ҳифз ва аз навсозии онҳо бояд корҳои бузурге анҷом гирад.