Дидори таблиғотии Трамп бо Ким Ҷонг Ун
Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико талош кардааст, то дар арсаи масоили куҳна ва ҳалнашудаи сиёсати хориҷии Амрико монанди буҳрони ҳастаии нимаҷазираи Корея ташаббусҳое анҷом диҳад ва бадин тартиб корномаи мувафақе аз худ ба намоиш бигузорад.
Дар ин росто Трамп дар иқдоме ногаҳонӣ ва бидуни муқаддама рӯзи якшанбе 30 июн бо ҳузур дар минтақаи ғайринизомии байни ду корея бо Ким Ҷонг Ун раҳбарои Кореяи шимолӣ дидор кард. Трамп пас аз дидор бо Ун бо пои пиёда вориди хоки Кореяи шимолӣ шуд. Ба ин тартиб вай аввалин раиси ҷумҳури Амрико аст, ки ҳангоми зимомдории худ ба хоки Кореяи шимолӣ қадам гузоштааст. Трамп пас аз дидор бо Ким Ҷонг Ун дар марзи байни ду корея гуфт, имрӯз рӯзи бузурге барои дунё аст.
Раҳбари Кореяи шимолӣ низ иқдоми раиси ҷумҳури Амрикоро дар сафар ба Кореяи шимолӣ шуҷоона тавсиф кард. Ким Ҷонг Ун гуфт, сафари кутоҳи раиси ҷумҳури Амрико ба Кореяи шимолӣ ба беҳбуди равобити ду кишвар кумак мекунад. Ким Ҷонг Ун пеш аз ин бо давъвати Доналд Трамп барои мулоқот дар минтақаи ғайринизомӣ мувофиқат карда буд. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи шанбе пеш аз вуруд ба Кореяи ҷанубӣ аз омодагии худ барои дидор бо Ким Ҷонг Ун хабар дода буд.
Ба назар мерасад ҳадафи Трамп аз ин дидор, ки дар навъи худ бесобиқа ба ҳисоб меояд бештар иқдоме бо ҳадафи вонамуд кардани вуқуи пешрафт дар музокироти Вашингтон ва Пхенян дар заминаи ҳаллу фасли буҳрони ҳастаии нимаҷазираи Корея аст. Трамп ҳамвора талош кардааст, то худро пешгоми ташаббусҳои сиёсӣ дар бархурд бо масоил ва буҳронҳои пеши руи сиёсати хориҷии Амрико нишон диҳад. Ин масъала ба вижа бо таваҷҷуҳ ба бунбасти кунунӣ дар гуфтугӯҳои Амрико ва Кореяи шимолӣ дар заминаи ҳаллу фасли буҳрони ҳастаӣ бештар намуд пайдо кардааст.
Ҳарчанд Трамп қаблан иддао карда буд, ки дар ин замина пас аз дидорҳои вай бо Ким Ҷонг Ун пешрафтҳои қобили мулоҳизае сурат гирифта, аммо пас аз тарҳ шудани дархостҳои ғайримантиқии Вашингтон аз Пхенян яъне таваққуфи комили барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ бидуни додани имтиёзе ҳамсатҳ шомили рафъи таҳримҳои густарда, акнун қатори музокирот мутаваққиф шуда ва Кореяи шимолӣ низ озмоиши мушакҳои балстики худро аз сар гирифтааст.
Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун ду бор дар июни 2018 дар Сингапур ва дар феврали 2019 дар Ҳанои Ветнам дидор ва музокира карданд, ки ҳар чанд даври нахуст бо тавофуқоте ба поён расид, аммо даври дуввуми он бенатиҷа буд. Нишасти Ҳаной пас аз он ки давлати Амрико аз пазириши рафъи таҳримҳои Кореяи шимолӣ худдорӣ кард , бенатиҷа поён ёфт. Пхенян борҳо аз Вашингтон ба далелил рафъи иҷрои фишори иқтисодӣ, интиқод кардааст. Ба назар мерасад Трамп масири худро дар бораи Кореяи шимолӣ меравад ва дастгоҳи сиёсии хориҷии Амрико низ риволи расмии худро дар ин замина дунбол мекунад.
Паҳлуи дигари иқдоми Трампро бояд ҷанбаи таблиғотии он барои вай бо таваҷҷуҳ ба оғози ғайрирасмии муборизоти интихоботи раёсат ҷумҳурии Амрико донист. Трамп аз дидор бо Ким Ҷонг Ун камоли истифодаи таблиғотиро карда ва пазириши дархости худ аз ҷониби раҳбари Кореяи шимолӣ барои дидор дар минтақаи ғайринизомии марзиро нишонаи арзиш ва аҳамияте арзёбӣ карда, ки Ким Ҷонг Ун барои вай қоил аст. Трамп иддао кардааст, ки дар замони Борак Обама раиси ҷумҳури собиқи давлати Амрико ба Кореяи шимолӣ "илтимос мекард", ки раҳбари Кореяи шимолӣ бо Обама мулоқот кунад, аммо Ун ҳозир ба ин дидор нашуд.
Аз сӯи дигар ин дидор нишон медиҳад, ки Трамп то чи ҳад як раиси ҷумҳури ғайриқобили пешбинӣ аст. Вай дар конфронси матбуотии худ эътироф кард, ки идеаи ин дидор ногаҳон рӯзи шанбе ба зеҳнаш расидааст.