Июл 02, 2019 12:35 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 9 ғайринизомии афғон дар ҳамлаи шабонаи артиши Амрико

Дар ҳамлаи шабонаи артиши Амрико ба вилояти Майдон Вардаки Афғонистон 9 ғайринизомии афғон кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, манобеи маҳаллӣ дар вилояти Майдон Вардак имрӯз сешанбе эълом карданд, низомиёни террористи амрикоӣ дар ҳамлаи шабона ба як мадрасаи динӣ дар шаҳристон Чек-и ин вилоят 9 талабаро куштанд.

Низомиёни террористи амрикоӣ пас аз куштори талабаҳо, сохтмони ин мадрасаро низ бо маводи тарканда тахриб карданд.

Низомиёни террористи амрикоӣ дар моҳҳои ахир ба таври мутавассит даҳҳо амалиёти шабонаро дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон анҷом додаанд.

Маҷлиси миллӣ ва сенати Афғонистон дар чанд моҳи гузашта борҳо аз ташдиди ҳамлаҳои Амрико ба ҳадафҳои ғайринизомӣ интиқод карданд, аммо бо вуҷуди ин интиқодҳо ҳамалоти ҳавоӣ ва заминии артиши Амрико ба ғайринизомиёни афғон ҳамчунон идома дорад.

Созмони Миллали Муттаҳид низ ахиран дар хусуси куштори ғайринизомиёни афғон бар асари амалиёти артиши Амрико дар Афғонистон ибрози нигаронӣ  карда буд.

Бар асоси гузориши Созмони Миллал ҳамалоти ҳавоии артиши Амрико дар соли гузашта мунҷар ба кушта шудани 393 ғайринизомии афғон ва захмӣ шудани 239 тани дигар шуда буд.