Июл 04, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд: тиҷорат бо Эронро мутаваққиф намекунем

Вазири умури хориҷаи Ҳинд эълом кард равобити кишвараш бо Эрон мутаваққиф нахоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Субраҳманиям Ҷайшанкар рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар посух ба ин савол, ки оё давлати Амрико Ҳиндро барои қатъи равобити тиҷорӣ бо Эрон таҳти фишор қарор додааст таъкид кард равобити Эрон ва Ҳинд ҳеҷгоҳ таҳти таъсири як кишвари солис қарор нахоҳад гирифт.

Вазири умури хориҷаи Ҳинд таъкид кард, Диҳлии нав тиҷорат бо Эронро мутаваққиф нахоҳад кард.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БАРҶОМ корзории ҳамаҷониба барои иҷрои фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи тааҳудоти Вашингтон зейли БАРҶОМ  кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Трамп пас аз хуруҷ аз БАРҶОМ кишварҳо ва ширкатҳои хориҷиро таҳдид кардааст агар бо Эрон ҳамкорӣ кунанд бо таҳримҳои шадид ру ба ру хоҳанд шуд.

Ин иқдоми раиси ҷумҳури Амрико бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст. Бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Ҳинд, Чин, Ироқ, Русия ва Туркия эълом кардаанд таҳримҳои якҷонибаи Амирко алайҳи Эронро нахоҳанд пазируфт ва ба равобити тиҷорӣ бо Эрон идома хоҳанд дод.

Ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони яке аз аъзои аслии ҷабҳаи Муқовимат, нақше асосӣ дар муқобила бо тавтеаҳо ва иқдомоти меҳвари амрикоӣ-саҳюнистӣ дар минтақа дорад.