Июл 04, 2019 13:14 Asia/Dushanbe
  • Путин қонуни таълиқи паймони  I N F  ро имзо кард

Бо идомаи пофишории Амрико барои таълиқ ва дар ниҳоят хуруҷ аз Паймони нерӯҳои ҳастаии (INF ), Русия низ рӯйкарди мушобеҳе гирифта ва мароҳили қонунии таълиқи ин паймонро ба иҷро даровардааст.

Дар ин росто Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия, рӯзи ҷоршанбе 3 июл қонуни Таълиқи иҷроии Паймони  I N F ро барои иҷро ба дастгоҳои давлатӣ иблоғ кард. Иқдоми Путин баъд аз он аст,ки Вай дар 30 майи 2019 лоиҳаи Таълиқи Паймони Нерӯҳои ҳастаии миёнбурдро барои табдил шудан ба қонун ба думаи Русия фиристод ва акнун ин қонун ро имзо кард. Тасмими Маскав дар вокуниш ба таҳдиди Амрико ба хуруҷи расмӣ аз ин паймон дар моҳи августи 2019 гирифта шудааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар моҳи октиябри 2018 бо матраҳ кардани иддаъое алайҳи Русия бинобар нақзи Паймони Нерӯҳои ҳастаии миёнбурд,аз қасди худ барои хориҷ шудан аз ин паймон ба таври якҷониба хабар дод. Таълиқи иҷроии Паймони I N F  аз сӯи Амрико аз 2 моҳи феврали 2019 ҷаҳонро бо ҷолиши бузурге яъне тазалзули Паймонҳои таслиҳотӣ мувоҷаҳ кардааст. Вашингтон ва Маскав, ҳамдигар ро  ба нақзи ин Паймон мутаҳам кардаанд. Вашингтон зимни таълиқи ин Паймони раҳбурдӣ,шарти худ барои идомаи узвият дар Паймони I N F ро пойбандии Русия ба он эълом карда ва муҳлати шашмоҳа дар ин замина дар назар гирифтааст. Русия низ чанд рӯз баъд,дар иқдоми мутақобил бо фармони Путин,иҷроии Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд ро ба муддати шаш моҳ ба ҳоли таълиқ дароварда ва акнун бо имзои қонуни таълиқ тавасути Путин ба он расмият дод.

Маскав ба Вашингтон ҳушдод дода,ки қодир ба ҳифзи якҷонибаи Паймони I N F нест. Албатта Вашингтон дар паи он аст,ки бо хруҷ аз Паймони  I N F  , дар марҳалаи баъди Паймони кантроли таслиҳоти муҳими дигаре яъне Паймони Cтарти наве,ки нозир бар маҳдуд кардани зародхонаи ҳастаии дурбурди Русия ва Амрико аст ро тамдид накунад. Ба гуфтаи Ҳусейн Аскариён коршиноси сиёсӣ; шояд бузургтарин риск фурӯпошии Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд дар кутоҳмудат, таъсири он бар Паймони Старти нав миёни Русия ва Амрико бошад, ин Паймон,ки зародхонаи ҳастаии дурбурди ду кишвар ро маҳдуд месозад дар феврали 2021 ба итмом хоҳад расид, ҳарчанд барои панҷсоли баъд низ дубора тамдид шавад.

Русия борҳо дар бораи раванди кунунии Паймонҳои кантроли таслиҳот,бо таваҷуҳ ба рӯйкарди Амрико барои аз байн бурдани ин Паймонҳо аз ҷумла Паймони I N F  ва Паймони Старти нав ҳушдод додааст. Дар ин росто Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия таҳдид кард агар Амрико нишонае аз қасди худ барои тамдиди Паймони Старт нав аз худ нишон надиҳад, Русия низ иҷоза хоҳад дод,ки ин Паймон дар соли 2021 нақз шавад. Путин дар 6 Июн дар ҳошияи нишасти Иқтисодии Санктпетербург гуфт; агар касе касди тамдиди Паймони  Старт ро надорад мо низ онро  тамдид нахоҳем кард . Бо ин,ки ин Паймон дар соли 2021 ба пойн мерасад, раванди гуфтугӯҳои расмӣ барои тамдиди он оғоз нашудааст.

Русҳо муътақиданд,ки давлати Трамп дар ростои дуктурини ҳастаии нави Амрико хоҳони сохт ва истиқрори мушакҳо ва таслиҳоти нави ҳастаӣ барои муқобила бо таҳдидҳои иддаъоӣ аз ҷониби Русия ва Чин аст. Трамп дар ин замина эълом кард; Амрико таслиҳоти ҳастаиашро тавсиъа хоҳад дод, магар ин,ки русия ва Чин тавсиъаи таслиҳоти ҳастаиашро мутавақиф кунанд.

Ба ин тартиб бояд интизор дошт,ки давлати Трамп дар ростои баланд парвозиҳои ҳастаии худ, зимни хуруҷ аз Паймони INF пас аз таълиқи  шашмоҳаи он, дар марҳалаи баъд адами тамдиди паймони СТАРТ навро дар дастури кораш қарор диҳад. Ин сенария сирфан муҷиби афзоиши бесуботӣ дар арсаи байналмиллалӣ ва суръатгирии мусобиқаи таслиҳоти ҳастаии байни қудратҳои атомии ҷаҳон хоҳад шуд.

Барчасп