Июл 05, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Амрико ба нотавонӣ дар таъмини амнияти Афғонистон

Сафири Амрико дар Кобул бар нотавонии давлати Доналд Трамп дар таъмини амният ва барқарории сулҳ дар Афғонистон эътироф кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Ҷон Бас рӯзи ҷумъа гуфт, давлати Вашингтон қодир ба ҳалли буҳрони Афғонистон нест, балки афғонҳо бояд барои ҳалли мушкилоташон талош кунанд.

Ин дипломати амрикоӣ ҳамчунин афзуд, Афғонистон дар оянда бо чолиши баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд ва Амрико наметавонад шаффофияти ин интихоботро тазмин кунад ва дар ин замина тасмимгирӣ кунад, зеро ин амр ба худи афғонҳо бастагӣ дорад, ки чӣ гуна ин мушкилро ҳал хоҳанд кард.

Изҳороти сафири Амрико дар Афғонистон мабнӣ бар нотавонии Вашингтон дар барқарории сулҳ дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки Амрико пас аз 6 даври музокира бо Толибон, дастоварде дар ин замина надоштааст ва ноамниву куштори ғайринизомиён дар Афғонистон ҳамчунон идома дорад.