Июл 06, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои мувақати Амрико; дар паи ҷанг бо Эрон нестем

Вазири дифои мувақати Амрико ҷумъа бори дигар таъкид кард,ки ин кишвар дар паи ҷанг бо Эрон нест.

Вазири дифоъи мувақати Амрико ҷумъа алорағми такрори иддаъоҳои исбот нашуда бори дигар таъкид кард,ки кишвараш дар паи ҷанг бо Эрон нест.

Ба гузориши шабаки хабарии Алҷазира  Марк Эспер рӯзи ҷумъа гуфт; бо он,ки иқдомҳои Эрон барои дунё мушкил эҷод мекунанд,Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар паи ҷанг бо Эрон нест.

Як сухангуи Пентагон ҳам рӯзи панҷшанбе имкони истинод ба як қонуни ҷанҷолии мусавиби 2001 дар  Амрико ро,ки бархе иддаъо кардаанд мумкин аст барои оғози ҷанг бо Эрон бидуни машварат бо кунгра мавриди истифода қарор бигирад,рад кардааст. Ин сухангӯи Пентагон гуфт; Вазорати дифоъи Амрико муътақид нест аз қонуни Ихтиёри истифода аз нерӯи низомӣ, метавон алайҳи Эрон истифода кард.

Ихтиёри истифода аз нерӯи низомӣ, қонуне аст,ки кунграи Амрико баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябри 2001 дар Амрико ба тасвиб расонд. Ин қонун ба раиси ҷумҳурии Амрико иҷоза медиҳад бидуни машварат бо кунгра аз зури низомӣ барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ истифода кунад.

Барчасп