Июл 07, 2019 10:26 Asia/Dushanbe
  • Мавҷҳои мусбат аз ҳафтумин нишасти Амрико ва Толибон дар Қатар

Намонядагони Амрико дар музокироти сулҳ ва сухангӯи Толибон дар Дуҳаи Қатар бо интишори твитҳое ҷудогона, натиҷаи ҳафтумин даври музокиротро мусбат арзёбӣ карданд.

Ба нақл аз ИРНО, Зулмо Халилзод ва Суҳейл Шоҳин ибрози умедворӣ карданд, ки дар ояндаи наздик ба натиҷаҳои мушаххасе даст ёбанд.

Пас аз шаш рӯз аз баргузории ҳафтумин даври музокирот ҳануз ҷузъиёти он мунташир нашудааст ва ду тараф фақат ба куллигӯӣ иктифо кардаанд.

Дар айни ҳол ду туруф аз таҳияи пешнависи тавофуқ дар бораи хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва таҳдид нашудани дигар кишварҳо аз дохили ин кишвар хабар медиҳанд, аммо оташбас ва музокирот байни афғонҳо ҳамчунон дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад.

Имрӯз низ ҳайате муташаккил аз чеҳраҳои сиёсӣ, ҷиҳодӣ, намояндагони занон, ҷавонон ва расонаҳо, барои ширкат дар севвумин даври нишаст миёни афғонон озими Қатар шуданд.

Нишаст миёни афғонҳо бидуни ҳузури намояндагони давлатӣ ба мизбонии муштараки Олмон ва Қатар имрӯз ва фардо дар Дуҳа баргузор мешавад.

Дар ин ду рӯз ҳафтумин даври музокироти сулҳ мутаваққиф ва аз сешанбе идомаи музокирот пай гирифта хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар Ваҳид Умар мушовири аршади раиси ҷумҳури Афғонистон аз талоши давлат барои таовфуқи ибтидоӣ бо Толибон то ду моҳи оянда хабар дод ва гуфт пас аз ин марҳила музокироти расмии Кобул бо Толибон оғоз хоҳад шуд.

Вай афзуд давлати Афғонистон мусаммам аст интихоботи раёсат ҷумҳурӣ ва раванди сулҳро ба сурати ҳамзамон пеш бибарад.

Гуруҳи Толибон токунун ҳозир нашудааст ба сурати мустақим бо давлати Афғонистон вориди музокироти сулҳ шавад.

Толибон ҳаргуна музокира бо Кобулро ба тавофуқ бо Амрико бар сари хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон машрут кардааст.

Барчасп