Июл 07, 2019 11:55 Asia/Dushanbe
  • Қатъномаи Аврупо алайҳи Русия

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (OSCE) бо интиқод аз мавзеъҳои Русия дар мавориде ҳамчун Қрим ва таҳаввулоти тангаи Керч қатъномаеро алайҳи ин кишвар тасвиб кард.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, дар ин қатънома, ки пешнависи он аз сӯи қонунгузорони украинӣ омода шуда буд ба ҷудо шудани Қрим аз Украина низ ишора шудааст.

Дар ин қатънома Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо бар эҳтироми комили худ ба ҳокимият, истиқлоли сиёсӣ, иттиҳод ва тамомияти арзии Украина, ки шомили нима ҷазираи Қрим шаҳри Севастопол ва минтақаи обии он низ мешавад таъкид кардааст.

Ин қатънома иқдомоти Русия дар хусуси Қримро маҳкум карда ва аз Маскав хостааст, то ин минтақаро ба Украина бозгардонад.

Қрим дар соли 2014 бо баргузории ҳамапурсӣ аз Украина ҷудо шуд.

Киев Русияро омили аслии ҷудо шудани Қрим аз Украина медонад ва кишварҳои ғарбӣ низ Қримро баҳонае барои афзоиши фишорҳо бар Русия қарор додаанд.

 

Барчасп