Мусодираи амлоки гуруҳҳои мамнуа аз сӯи давлати Покистон
Давлати Покистон бо ҳадафи мубориза бо терроризм, амлок ва дороиҳои гуруҳҳои мамнуаро мусодира мекунад.
Ба нақл аз хабаргузории Тасним, давлати Покистон дар баёнияе эълом кард, тамоми гуруҳҳое, ки дар руйхатти сиёҳ қарор доранд вазифа доранд амлок ва амволи дақиқи худро эълом кунанд ва бо гуруҳҳое, ки тахаллуф доранд бархурд хоҳад шуд.
Гуфта мешавад гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла Ҷайш Муҳаммад, Лашкари Ҷаҳангӯй, Сипоҳи Саҳоба ва Ҷамоату Аҳрор ҳадафҳои аслии иҷрои ин тарҳ ҳастанд ва тамоми амволи марбут ба ин гуруҳҳо ба сурати вижа баррасӣ хоҳад шуд.
Ба назар мерасад давлати Покистон бо ин гуна фаолиятҳо қасд дорад назари гуруҳи вижаи иқдоми молиро ҷалб ва худро аз руйхатти назорати вижаи FATF хориҷ кунад.
Гуруҳи вижаи иқдоми молии мавсум ба FATF ба давлати Покистон то поёни сенябр фурсад дод, то иқдомоти лозим дар заминаи тавқифи таъмини молии терроризм ва пулшуиро дар ин кишвар анҷом диҳад.