Июл 07, 2019 21:28 Asia/Dushanbe
  • “Вашингтон пост”: Аксарияти мардуми Амрико амалкарди Трампро таъйид намекунанд

“Вашингтон пост” рӯзи якшанбе дар гузорише перомуни ризоятмандии мардуми Амрико аз амалкарди Доналд Трамп навишт: “Иқтисод, аҳроми қавии интихоботии Трамп аст ва ҳанӯз аксарияти мардуми Амрико амалкарди ӯ дар кисвати раёсати ҷумҳуриро таъйид намекунанд”.

Ин рӯзномаи демократи амрикоӣ дар ин гузориш овардааст: “Натиҷаи охирин назарсанҷиҳо, ки муштаракан тавассути рӯзномат “Вашингтон пост” ва шабакаи хабарии “АБС Нюс” анҷом гирифтааст, эълом медорад, мизони маҳбубияти раисҷумҳур Трамп ба 44 дарсад расидааст ва ҳанӯз беш аз ниме аз мардуми Амрико раёсати ҷумҳурии ӯро таъйид намекунанд.

Натиҷаи ин назарсанҷӣ таъйид мекунад, Трамп барои интихоб шудан шонси воқеӣ дорад, аммо ин шонс борик аст. Дар аксари мавзӯот Трамп имтиёзи манфӣ гирифтааст.

 

Барчасп