Вокуниши Могерини дар бораи бозгашти Эрон ба сақфи муҷози ғанисозӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44983-Вокуниши_Могерини_дар_бораи_бозгашти_Эрон_ба_сақфи_муҷози_ғанисозӣ
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба эъломи иҷрои гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон, бидуни ишора ба бадаҳдиҳои мақомоти аврупоӣ аз Теҳрон хост то ба сақфи муҷози ғанисозии ураниюм бозгардад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 07, 2019 21:35 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Могерини дар бораи бозгашти Эрон ба сақфи муҷози ғанисозӣ

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба эъломи иҷрои гоми дувуми коҳиши тааҳҳудоти барҷомии Эрон, бидуни ишора ба бадаҳдиҳои мақомоти аврупоӣ аз Теҳрон хост то ба сақфи муҷози ғанисозии ураниюм бозгардад.

Ба гузориши рӯзномаи “Вол стрит журнал”, Федерико Могерини рӯзи якшанбе нисбат ба иҷрои гоми дувуми Эрон барои коҳиши тааҳҳудоташ дар БарҶом шадидан иброзт нигаронӣ кард ва дар иддаое онро иқдоме дар ростои тазъифи БарҶом донист.

Могерини бо баёни ин ки гоми баъдиро бо ҳамоҳангии соири аъзои БарҶом сурат хоҳад дод, аз эҳтимоли баргузории нишасти комиссияи муштарак дар ин замина хабар дод.

Вокуниши Могерини пас аз он аст, ки Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Теҳрон имрӯз, якшанбе дар ваъдаи 60 рӯзи гоми аввали коҳиши тааҳҳудоти барҷомии худ аст ва аз онҷое, ки хостаҳояш дар бораи БарҶом таҳаққуқ наёфт, гоми дувуми худро бармедорад.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон низдр номае, ки ба Федерико Могерини навишт, бандҳое, ки дар БарҶом дар бораи ғилзати ғанисозӣ омадаро эълом кард.

Зариф бо ин ҳол тасреҳ кард, ки ин ҳаракати Эрон ба гунае аст, ки фурсат барои гуфтугӯ, дипломатия ва таомул дар ин муддат фароҳам шавад.

Мӯҳлати 60 рӯзаи Эрон ба тарафҳои ҳозир дар БарҶом имрӯз, якшанбеи 7 июл ба поён расид ва иқдоми тозаи Эрон дар костан аз тааҳҳудоти барҷомӣ дар пайи хуруҷи Амрико аз ин тавофуқ ва эъмоли таҳримҳои золимона аз сӯи Вашингтон алайҳи Эрон ва анҷом нашудани тааҳҳудот аз сӯи давлатҳои аврупоӣ ва бақияи кишварҳои имзокунандаи БарҶом эълом шуд.