Суқути маргбори афтобус ба даруни канал дар Ҳинд + видио
https://parstoday.ir/tg/news/world-i44991-Суқути_маргбори_афтобус_ба_даруни_канал_дар_Ҳинд_видио
Суқути як афтобус бо ҳудуди 50 мусофир да даруни канали об дар иёлоти Автор Прадаши Ҳинд,ҳадди ақал 29 кушта ва чандин маҷрӯҳ бар ҷоё гузоштааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 08, 2019 07:49 Asia/Dushanbe

Суқути як афтобус бо ҳудуди 50 мусофир да даруни канали об дар иёлоти Автор Прадаши Ҳинд,ҳадди ақал 29 кушта ва чандин маҷрӯҳ бар ҷоё гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, мақомҳо ва манбаҳои расонаӣ дар Ҳинд аз суқути маргбори як афтобус ба даруни канали об бо даҳҳо кушта ва маҷрӯҳ хабар додаанд.

Ба навиштаи хабаргузории Спутник бомдоди имрӯз ронандаи як афтобус дар вақти гузаштан аз иёлоти шимоли Автор Прадаш кантроли худро аз даст дод ва афтобус ба даруни як канали об суқут кард.

Мақомҳои ин иёлоти Ҳинд зимни эъзоми нерӯҳои имдодӣ барои кумак ба ҳодисадидагони суқути афтобус, ҳамдардии худро бо хонаводаҳои қурбониёни ин сониҳа эълом карданд.

Ҳарчанд нерӯҳои имдодӣ дар Ҳинд эълом карданд,ки тавонистанд ҳадди ақал 20 мусофири афтобусро наҷот диҳанд аммо гузоришҳо нишон медиҳад,ки ҳолли даҳҳо маҷрӯҳи ин тасодуф, вахим аст.

Хабаргузории Осушитед Пррес дар гузорише дар бораи ин сониҳа навишт; Ҳинд дорои маргбортарин ҷодаҳои ҷаҳон аст ва дар ин кишвар солона ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва 470 ҳазор маҷрӯҳ мешаванд.

Айби аксари тасодуфҳо ба гардани ронандагии бемулоҳиза, вазъияти бади ҷодаҳо,ва худравҳои қадимӣ андохта мешавад.