Шри-Ланка ваҳҳобигариро маҳдуд мекунад
Мақомоти давлати Шри-Ланка бо афзоиши иқдомоти зидди ваҳҳобигарӣ дар талошанд зимни мумониат аз тарвиҷи бештари тафаккуроти ифротӣ бар пулҳои вурудӣ ба кишварашон аз манобеи саудии бештар назорат кунанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, баъд аз ин ки бархе сиёсатмадорон ва роҳибони будоӣ дар Шри-Ланка тарвиҷи тафаккурот ва ақоиди ифротии ваҳҳобиятро омили аслии бомбгузориҳо ва ҳамалоти террористии ахир дар ин кишвар муаррифӣ карданд, мақомоти Шри-Ланка иқдомот барои маҳдуд кардани нуфузи Арабистони саудӣ дар ин кишварро оғоз карданд.
Дар таърихи бисту якуми апрел ҳамзамон бо рӯзи иди Поки масиҳиён, 9 шаҳрванди Шри-Ланка, ки камарбандҳои интиҳорӣ доштанд, худро дар чандин калисо ва ҳотели лукси ин кишвар тарконданд ва ҳаддиақал 260 нафарро ба коми марг кашонданд ва беш аз 500 нафар низ захмӣ шуданд.
Аз он замон неруҳои амниятии Шри-Ланка як таблиғгари ваҳҳобӣ ба номи Муҳаммад Элияр бунёнгузори маркази мавсум ба иршоди исломӣ, ки тарвиҷдиҳандаи тафаккуроти ваҳҳобият дар шаҳри Каттанкудӣ буд боздошт карданд ва қасд доранд ин мактабро низ таътил кунанд.
Давлати Шри-Ланка ҳамчунин эълом карда, ки бар ҷараёни вурудии манобеи молии контролшуда аз сӯи чеҳраҳои барҷастаи хонаводаҳои саудӣ ба масҷидҳои ин кишвар назорати бештаре хоҳад кард.
Ба навиштаи хабаргузории Рейтерз, Кабир Ҳошим вазири умури тавсеаи умумии Шри-Ланка бо баёни инки Созмони умури фарҳангӣ ва мазҳабии мусалмонон дар ин кишвар ба назорат бар кумакҳои молии хориҷӣ ба масҷидҳо назорат хоҳад кард мегуяд аз ин ба баъд дигар касе наметавонад кумакҳои хайрияи контролнашуда анҷом диҳад, зеро шоҳид буданд, ки тафаккуроти радикал чи доманаи тарвиҷи густардае дорад.
Як мақоми Шри-Ланка дар бораи дидори ахири депломатҳои саудӣ бо Майтрипала Сирисена раиси ҷумҳур ин кишвар ба Рейтерз гуфт, ки онҳо аз сарзаниши Риёз ба унвони омили аслии рух додани чунин ҳамалоте шадидан ибрози нороҳатӣ карданд.
Яке аз намунаҳои афзоиши фишори давлати Шри-Ланка бар таблиғгарони тафаккуроти салафӣ-ваҳҳобӣ дар ин кишвар истеъфои Муҳаммад Ҳизбуллоҳ раиси вилояти устони шарқии Шри-Ланка аст, ки баъд аз эътирозоти густарда ба иртиботи ӯ бо Риёз ва тарвиҷи ситезаҷӯӣ ва ифротигарӣ дар шаҳри Каттанкудӣ анҷом шуд.
Хонаводаи Муҳаммад Ҳизбуллоҳ илова бар кумак ба сохти чанд масҷид ва як муассисаи омӯзиши олии Батикалуа дар Шри-Ланка бо пулҳои саудӣ гуруҳеро таҳти унвони Бунёди Ҳиро таъсис кард, ки тибқи изҳорномаи молиётии онҳо мобайни солҳои 2014 то 2018 ҳудуди 31 ҳазор доллар даромад доштанд. Бо ин ҳол Муҳаммад Ҳизбуллоҳ таи ҷаласаи истимоъ дар парлумони Шри-Ланка эътироф карда буд бунёди Ҳиро маблағи ду миллион доллар аз манобеи хориҷӣ дарёфт кардааст.
Муҳамад Ҳизбуллоҳи 56 сола таи мусоҳиба бо Рейтерз дар хонаи худ дар Коломбо гуфт, ки бештари ин пулҳоро хондони Ҷуфолӣ , ки яке аз хонаводаҳои тоҷири саудӣ ҳастанд ба бунёди Ҳиро эъто кардааст. Асноди бонкие, ки ба мушоҳидаи Рейтерз расида низ нишон медиҳад, ки дар фосилаи солҳои 2016 то 2017 маблағи 24.5 миллион доллар ба муассисаи Ботиколво аз сӯи ҷуфолиҳо пардохт шудааст.
Мақомоти сиёсӣ ва сарони мазҳабии Шри-Ланка мегуянд, тафаккуроти ифротии ваҳҳобигарӣ аз ҳудуди се даҳ сола қабл ба вилояти шарқии ин кишвар ривоҷ пайдо кард, замоне, ки ин минтақа арсаи даргирии ду фирқаи ҷудоиталабони Ҳинду ва мақомоти давлатии будоӣ буд. Бар ин асос дар он замон Арабистони саудӣ ба фарҳехтагон ва муҳаққиқони мусалмонони Шри-Ланка барои таҳсил дар ин кишвар бурсия эъто кард.
Рейтерз дар ин бора менависад, масоҷиди таҳти ҳимояти молии саудӣ монанди қорч рушд карданд. Занон сорӣ (либоси ҳиндӣ)ҳои худро канор гузошта ва либосҳои комил сиёҳ пушиданд. Суфиҳои Шри-Ланка, ки аз назари ваҳҳобиҳо бидъатгузор буданд таҳти таъқиб қарор гирифтанд.
Як кумитаи парлумони Шри-Ланка моҳи пеш аз мақомоти давлатӣ хост то ба далели нақзи эҳтимолии қавонини табодули хориҷӣ ва нигарониҳои амниятӣ, муассисаи Ботиколворо мусодира карда ва сармояи таъминкунандагони молиро баргардонд.
Рейтерз бо ишора ба решаҳои саудии ваҳҳобият навиштааст, ки Эляр маркази иршоди исломиро дар соли 1990 ва пас аз фориғутаҳсилӣ аз донишгоҳи исломии Муҳаммад бин Сауди Риёз роҳандозӣ кардааст. Яке аз сокинони шаҳри Каттанкудӣ роҳандозии ин марказро нуқтаи атфе дар густариши салафигарӣ дар ин шаҳр тавсиф кардааст. Ба навиштаи Рейтерз бахше аз будҷети ин марказро Арабистони саудӣ ва Кувейт таъмин кардаанд.
Давлати Арабистони саудӣ аз посух ба саводи Рейтерз дар бораи ин гузориш худдорӣ кардааст.