Вазири омӯзиши Квебек барои тадриси Малола Юсуфзӣ шарт гузошт
Вазири омӯзиши Квебек (дар Канада) дар як паёми твиттерӣ барои тадриси Малола Юсуфзӣ дар шаҳри Квебек шартгузорӣ кард.
Ба нақл аз Форс, Жон Франсуа Роберж гуфт, агар духтари фаоли мусалмони покистонӣ ва ғолиби ҷоизаи Нобел, ки дар соли 2012 ҳадафи террори нокоми Толибон қарор гирифт, қасди тадрис дар ин вилоятро дорад бояд ҳиҷоби худро бардорад.
Бино бар гузориши рӯзномаи Мунтереал Газета, Роберж дар як паёми твиттерӣ таъкид кард, гар чӣ тадриси ин фаоли покистонӣ дар Квебек мояи ифтихор аст, аммо ҳамчун дигар кишварҳои боз ва сабур, муаллимон иҷозаи пушиданд намодҳои мазҳабиро дар ҳайни фаолиятҳои иҷтимоии худ надоранд.
Малола Юсуфзӣ духтари 21 солаи мусалмони покистонӣ дар октябри 2012 дар роҳи бозгашт аз мактаб дар дифоъ аз омӯзиши духтарони Покистон ҳадафи террори нофарҷоми Толибон қарор гирифта буд ва баъд аз он барои ҷарроҳӣ ва пас аз он барои зиндагӣ ба Лондон мунтақил шуд.
Паёми твиттерии вазири омӯзиши Канада дар вокуниш ба саволи яке аз хабарнигороне буд, ки аз ӯ пурсида буд, оқои Роберж вокуниши шумо ба дархости эҳтимолии Юсуфзӣ барои тадрис дар Квебек чист?
Вазири омӯзиши Квебек дар посух ба савол тасвире аз худ дар канори Малола Юсуфзӣ мунташир кард ва дар бахши тавзеҳоти он навишт, ки аз мулоқот бо Малола дар Фаронса барои баҳс дар бораи дастрасӣ ба омӯзиш лаззат бурдааст.
Интишори ин тасвир мавҷе аз интиқоди корбарони твиттериро алайҳи лоиҳаи ҷанҷолии 21 дар вилояти Квебек алайҳи навъи пушиши мазҳабии афрод барангехт. Тибқи ин лоиҳа коркунони давлатӣ наметавонанд дар ҳайни кор намодҳои мазҳабӣ ҳамчун рӯймол, дастор ва .... истифода кунанд.