Амано:ғанисозии ураниюм дар Эрон ба 4.5 дарсад афзоиш ёфтааст
Мудири куллии Ожонси атомӣ зимни таиди ғанисозии фаротар аз 3.67 дарсадӣ дар Эрон эълом кард: баробари эъломи коршиносони ин ниҳод ин ғано ба 4.5 дарсад расидааст.
Козим Ғарибободӣ сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена эълом кард, бар асоси гузориши мудири куллии Ожонси атомӣ, ожонс эътироф дошта, ки иттилооти тарроҳии нави ин таъсисотро низ рӯзи гузашта аз Эрон дарёфт кардааст.
Пеш аз ин сухангӯи Созмони энержии атомӣ ҳам аз афзоиши сатҳи ғанисозии Эрон ба ҳудуди 4.5 дарсад хабар дода буд.
Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи гузашта ба дунболи адами пойбандии гуруҳи 4+1 ба тааҳудоти барҷомии худ ва бароварда нашудани мутолиботи Эрон дар ин тавофуқ гоми дуввуми коҳиши тааҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаиро иҷро кард, ки бар асоси он Эрон дигар маҳдудияти сатҳи ғанисозӣ то сақфи 3.67-ро риоят нахоҳад кард.
Дар гоми нахусти коҳиши тааҳудоти ҳастаӣ ҳам Эрон эълом кард, ки ба маҳдудиятҳои БАРҶОМ дар заминаи мизони захоири ураниюм 3.67 дарсад ва 130 тона оби сангин пойбанд нахоҳад буд.
Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар идомаи коҳиши тааҳудоти барҷомии худ таъкид карда ин гомҳо дар чорчуби БАРҶОМ ва тибқи бандҳои 26 ва 36 ин тавофуқ аст ва дар сурате, ки шарикони БАРҶОМ гомҳои лозим барои ифои тааҳудоти худ бардоранд ин иқдомот ба суръат қобили бозгашт аст.