Июл 09, 2019 18:25 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Афзоиши сатҳи ғанисозии Эрон нақзи мувофиқатномаи ОБЭА нест

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, афзоиши сатҳи ғанисозии уран дар Эрон нақзи мувофиқатномаи Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ нест.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия имрӯз таъкид кард, афзоиши сатҳи ғанисозии урани Эрон нақзи мувофиқатномаи Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ нест.

Бинобар гузориши хабаргузории «Интерфакс», вазири хориҷии Русия ҳарчанд гуфтааст, ки идомаи афзоиши сатҳи ғанисозии уран дар Эронро наметавон рад кард, аммо ин амр ба ҳеҷ унвон «нақзи мувофиқатномаи подмон (муқаррароти назоратӣ)-и Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба ҳисоб намеояд». Лавров ҳамчунин тасреҳ кард: «Русия омодаи тасҳили баргузории нишасте барои баҳс дар бораи пешниҳодҳои мушаххас перомуни тавофуқи ҳастаии Эрон (БарҶОМ) аст».

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи гузашта пешниҳоди баргузории нишасте дар сатҳи вузарои хориҷии кишварҳои боқимонда дар тавофуқи ҳастаии Эронро матраҳ карда ва гуфта буд, ки ин нишаст дар сурати лузум барои ҳифзи ин тавофуқ бояд баргузор шавад.

Давлати Трамп 8 майи соли гузашта ба таври якҷониба Амрикоро аз БарҶОМ хориҷ ва таҳримҳои муаллақшуда ба мӯҷиби ин тавофуқро алайҳи Эрон эҳё кард. Ин таҳримҳо аз мурдодмоҳ ва обонмоҳи соли гузашта иҷроӣ шудаанд. Вашингтон баъд аз хурӯҷ аз БарҶОМ дар ростои сиёсати мавсум ба фишори ҳаддиаксарӣ ба иқдомоти таҳрикомезе монанди қарор додани Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар феҳрасти созмонҳои истилоҳан террористӣ, эъзоми як новгурӯҳ, чанд бомбафкани “В-52” ва чанд ҷангандаи “Эф-22” ба минтақа рӯ овардааст. Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ як сол «сабри роҳбурдӣ»-ро дар дастури кор қарор дод ва ба тарафҳои тавофуқи ҳастаӣ, бавижа кишварҳои аврупоӣ, ки ваъдаи ҷуброни хурӯҷи Амрикоро медоданд, муҳлат дод, ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқи ҳастаӣ амал кунанд. Бо гузашти як сол ва муҳаққақ нашудани ваъдаҳои Аврупо Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар баёнияе рӯзи 18-уми урдибиҳиштмоҳ (8 май) ба тарафҳои тавофуқ ҳушдор дод, дар сурате ки зарфи 60 рӯз ба тааҳҳудоти худ дар заминаҳои нафтӣ ва бонкӣ амал накунанд, Эрон, тибқи мафоди БарҶОМ, аз тааҳҳудоти худ зайл ин тавофуқ хоҳад кост. Мақомҳои давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе дар як нишасти хабарӣ эълом карданд, Эрон қасд дорад, фароянди ғанисозии худро аз 16-уми тирмоҳ ба болои 3.67 дарсад афзоиш диҳад. Теҳрон ҳамчунин ҳушдор дод, дар сурате ки соири тарафҳо барои амал ба тааҳҳудоти худ иқдом накунанд, баъд аз 60 рӯз гоми сеюмро хоҳад бардошт.

 

Барчасп