Июл 10, 2019 10:08 Asia/Dushanbe
  • Трамп ба нақзи Қонуни асосии Амрико маҳкум шуд

Пас аз шикояти чандин нафар аз раиси ҷумҳури Амрико додгоҳе дар ин кишвар имкони масдуд кардани мухолифон тавассути Трампро бекор кард.

Рӯзномаи Вашингтон-Пост рӯзи чаҳоршанбе гузориш дод, Борингтон Паркер қозии додгоҳи таҷдиди назари Ню-Йорк дар раъйи худ гуфт, мақомҳои расмӣ, ки бо унвони ҳукуматӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур доранд ҳаққи масдуд кардани ашхосро ба далели ибрози ақидаи мухолифи онон надоранд.

Ин додгоҳ ба раъйе истинод кардааст, ки пештар алайҳи Трамп содир шуда буд. Дар он раъй, Трамп ба далели масдуд кардани мухолифони худ дар Твиттер ба нақзи мутаммами аввали Қонуни асосии Амрико маҳкум шуда буд.

Додгоҳи таҷдиди назари федерал барои расидагӣ ба шикояти ҳафт нафар аз раиси ҷумҳурии Амрико ба далели масдуд кардани онон дар шабакаи иҷтимоии Твиттер ба баҳонаи ибрози назароти мухолиф ташкил шуда буд.

Раиси ҷумҳури Амрико бо наздик ба 62 миллион дунболкунанда дар Твиттер ҳузури бисёр густардае дорад ва дар иқдоме камсобиқа бисёре аз тасмимҳои ҳукуматии худро барои аввалинбор аз тариқи ҳисоби расмии худ дар ин шабакаи иҷтимоӣ эълом мекунад.

Бисёре аз твиттҳои Трамп дар даврони раёсат ҷумҳурии вай хабарсоз ва ҷанҷолӣ шудаанд. Бархе низ муътақиданд, ки теъдоде аз паёмҳои твиттерии вай илҳомбахши иқдомоти ифротии гуруҳҳои нажодпараст дар Амрико будааст.

 

Барчасп