Июл 10, 2019 12:42 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Амрико барои ташкили эътилофии нав дар ғарби Осиё

Амрико ба баҳонаи тазмини озодии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз ва Бобулмандаб тасмим ба ташкили эътилофе низомӣ бо дигар кишварҳо гирифтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҷузеф Данфорд раиси Ситоди муштараки артиши Амрико ба хабарнигорон гуфт имрӯз бо вазирони хориҷа ва дифои Амрико да бораи ин мавзӯъ (тазмини озодии киштиронӣ дар Тангаи Ҳурмуз ва ҳатто масъалаи скорт кардани киштиҳо) баҳс кардем.

Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико афзуд, ҳамчунин бо бархе кишварҳо дар бораи ташкили эътилофи низомӣ ба манзури тазмини озодии киштиронӣ дар  Тангаи Ҳурмуз ва  Бобулмандаб  вориди музокира шудаем ва эҳтимолан дар чанд ҳафтаи оянда мушаххас хоҳад шуд, ки чи кишварҳое аз иродаи сиёсии лозим барои ҳимоят аз ин ибтикор бархурдоранд ва сипас ҳамкориҳои мустақими низомӣ барои шиносоии қобилияти мавриди ниёз ҷиҳати ҳимоят аз ин тарҳро мушаххас кунем.

Данфорд идома дод Амрико киштиҳои фармондиҳӣ ва ҳамчунин таҷҳизоти таҷассусиро дар ихтиёри ин эътилоф қарор медиҳад ва кишварҳои узви ин эътилоф низ кори гаштзанӣ ва скорти киштиҳои тиҷорӣ бо парчамҳои худро анҷом хоҳанд дод.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуда, ки неруи баҳрии Британия аз 4 июл дар иқдоме ғайриқонунӣ ва ба дархости Амрико нафткаши эрониро дар Ҷабалу Ториқ тавқиф кардааст.

Ба дунболи ин роҳзании баҳрии Вазорати дифои Эрон эълом кард ин иқдомро бидуни посух нахоҳад монд.