Ҷилавгирии Украина аз вуруди атбои рус ба он кишвар
(last modified Wed, 10 Jul 2019 12:05:34 GMT )
Июл 10, 2019 17:05 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирии Украина аз вуруди атбои рус ба он кишвар

Артиши Украина аз ибтидои соли 2019 аз вуруди чаҳор ҳазору 500 табааи рус ба он кишвар ҷилавгирӣ кардааст.

Ба гузориши “ИТАРТАС”, Андрей Дамченко, сухангӯи Горди марзии Украина рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, 29 табааи Русия рӯзи душанбе иҷозаи вуруд ба Украина пайдо накарданд, ки бо ин ҳисоб шумори он даста аз атбои Русия, ки аз ибтидои соли 2019 аз вуруди онон ба Украина ҷилавгирӣ шудааст, ба чаҳор ҳазору 500 нафар расид.

Горди марзии Украина моҳи феврал ҳам эълом карда буд, шаҳрвандони Русия, Туркия ва Молдова аз ҷумлаи шаҳрвандоне ҳастанд, ки дар бештари маворид аз вуруди онҳо ба ин кишвар ҷилавгирӣ шудааст.

Пайвастани Қрим ба Русия бо баргузории ҳамапурсӣ дар соли 2014 ва иттиҳоми Украина ва Ғарб ба Маскав дар мавриди ҳимоят аз мухолифони шарқи Украина, ба тирагии равобити ду кишвар мунҷар шудааст.