Гузориши вижа. Нигоҳе ба тасмими Русия барои дарёфти боҷ аз муҳоҷирон
(last modified Wed, 10 Jul 2019 16:18:28 GMT )
Июл 10, 2019 21:18 Asia/Dushanbe

Вазорати умури дохилии Русия дарёфти боҷ аз муҳоҷирони дорои иҷозаи иқомати муваққат ва доим дар ин кишварро хостор шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки коршиносон ироаи чунин тарҳе аз тарафи Вазорати дохилии Русияро музҳик ва хилофи қонунҳои ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Шарҳи бештари мавзӯро дар гузориши вижаи ҳамкорамон Ғафурӣ бишнавед.